Барномаи омӯзиш ва навоварии UNODC, ки дар доираи Шуъбаи пешгирии ҷинояткорӣ ва адолати ҷиноятӣ фаъолият мекунад, абзорҳо, фаъолиятҳо ва захираҳои пешрафтаро таҳия ва пешниҳод менамояд, то иқтидорҳоро барои беҳтар намудани вокунишҳои адолати ҷиноятӣ ба мушкилоти гуногуни амният ва саломатии инсон тақвият бахшад. Барнома бо дигар барномаҳои UNODC, намояндагиҳои саҳроии UNODC, давлатҳои аъзо ва муассисаҳою академияҳои соҳаи адолати ҷиноятӣ ҳамкории наздик дорад.

Самтҳои фаъолияти Барномаи омӯзиш ва навоварӣ:

  1. Пешниҳоди омӯзиши рақамӣ оид ба ҳамаи самтҳои мавзӯии вобаста ба ваколатҳои UNODC
  2. Пешниҳоди дастгирии педагогӣ ба шарикон барои тақвияти фаъолиятҳои рушди иқтидор
  3. Дастгирии рақамикунонии фаъолияти дохилии муассисаҳои адолати ҷиноятӣ